Шиносоӣ бо амалишавии Лоиҳаи Барномаи безараргардонии партовҳои радиоактивӣ дар шаҳри Истиқлол

 

 

 

Шиносоӣ бо амалишавии Лоиҳаи Барномаи безараргардонии партовҳои радиоактивӣ дар шаҳри Истиқлол

.2023 , шаҳри Истиқлол

30 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истиқлол бо амалишавии Лоиҳаи Барномаи безараргардонии партовҳои радиоактивӣ шинос шуданд.

Лоиҳаи мазкур дар Партовгоҳҳои маъданҳои радиоактивӣ, ки дар солҳои 50-уми асри гузашта ба вуҷуд омадааст, амалӣ карда мешавад.

Ин лоиҳа дар заминаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия аз ҷониби Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати “Росатом”-и Федератсияи Русия амалӣ гардида, барои иҷрои корҳо 110 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Тибқи маълумот дар майдони Партовгоҳҳои маъданҳои радиоактивӣ, ки масоҳати умумии он 7,5 гектарро ташкил медиҳад, баландии партовҳо аз 65 то ба 30 метр паст гардида, бо сангу шағал ва хок рӯйпуш карда мешавад. Дар марҳилаи охири безараргардонии партовҳо тадбирҳои сабзу хуррамгардонӣ анҷом дода мешавад.

 

 

 

 

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки Лоиҳаи Барномаи безараргардонии партовҳои радиоактивӣ дар шаҳри Истиқлол дар чор қитъа амалӣ гардида, аллакай кор дар қитъаи якум пурра ба охир расида, дар қитъаи дуюм ҷараён дорад. Корҳои безараргардонӣ дар қитъаҳои 3-юм ва 4-уми партовгоҳ нимаи дуюми моҳи апрел оғоз гардида, дар охири моҳи майи соли 2023 ба анҷом мерасанд.

Дар иншооти мазкур зиёда аз 100 нафар ба кор ҷалб гардидаанд.

Бояд гуфт, ки дар ҷараёни корҳои безараргардонӣ риояи қоидаҳои бехатарӣ ва муомила бо маводҳои радиоактивӣ аз ҷониби олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пайваста назорат карда мешавад.

Мувофиқи нишондод баъди безараргардонии қитъаи якуми партовгоҳ дараҷаи нурафкании радиоактивӣ ба меъёри мақаррарӣ баробар шудааст, ки барои саломатии аҳолӣ, муҳити зист ва дар умум тамоми мавҷудоти зиндаи атроф бехатар аст.

Бо мақсади татбиқи саривақтии лоиҳа дар мавзеи наздик ба сохтмон барои кормандону мутахассисон шароити зарурӣ, аз қабили нуқтаи тиббӣ, ҳуҷраҳои санитарӣ ва беҳдошт, ҷои шустушӯи техникаю механизми махсус ва зеристгоҳи барқӣ бунёд карда шудааст.

facebooktwitter

kaynak:http://www.president.tj/node/30349?utm_source=dlvr.it&utm_medium=twitter