Мулоқот бо Ноиби раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Хан Чжэн https://t.co/GpAIMbFaJB
— Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон (@presstj) May 17, 2023
Мулоқот бо Ноиби раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Хан Чжэн
.2023 , Чин
17 май дар шаҳри Пекин дар доираи сафари давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Хан Чжэн мулоқот намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ масоили ҳамкории шарикию стратегии Тоҷикистону Чин баррасӣ гардиданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷониби Чин барои меҳмоннавозии анъанавӣ миннатдорӣ карда, аз натиҷаҳои намоёни ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун давоми 10 соли барқарор шудани муносибатҳои шарикию стратегӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Мулоқот бо Ноиби раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Хан Чжэн https://t.co/GpAIMbFaJB
— Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон (@presstj) May 17, 2023
Ҷонибҳо зимни суҳбат масоили татбиқи лоиҳаҳои калони инфрасохториро баррасӣ карда, ҷиҳати рушди ҳамкории кишварҳо дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, саноат ва коркарди сарватҳои зеризаминӣ, кишоварзӣ, тиҷорати электронӣ, сармоягузорӣ изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Масъалаи татбиқи лоиҳаҳои роҳу нақлиёт, тавсеаи долонҳои транзитӣ, модернизатсияи гузаргоҳи Қулма-Қарасу, оғози татбиқи марҳилаи дуюми роҳи мошингарди Душанбе-Қулма ва васеъ кардани ҷуғрофияи алоқаи ҳавоии байни кишварҳо аз мавзуъҳои муҳими мулоқот буданд, ки ҷонибҳо оид ба амалисозии онҳо табодули андеша карданд.
Дар рафти вохӯрӣ, ҳамчунин, масъалаҳои таъсиси базаи истеҳсоли “технологияи сабз” дар Тоҷикистон, рушди робитаҳо дар соҳаи сайёҳӣ, ҷалби сармоя барои инфрасохтори сайёҳии Тоҷикистон ва ҳамкорӣ дар бахши илм ва техника баррасӣ гардид.
facebooktwitter
kaynak:http://www.president.tj/node/30677?utm_source=dlvr.it&utm_medium=twitter
Мулоқот бо Ноиби раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Хан Чжэн https://t.co/GpAIMbFaJB
— Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон (@presstj) May 17, 2023