Ифтитоҳи коргоҳи дузандагию қолинбофӣ дар шаҳри Истиқлол

 

 

 

 

Ифтитоҳи коргоҳи дузандагию қолинбофӣ дар шаҳри Истиқлол

.2023 , шаҳри Истиқлол

30 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд коргоҳи дӯзандагию қолинбофиро ба истифода доданд.

Иншооти мазкур аз ҷонби Корхонаи Воҳиди Давлатии “Нури Ховар” бунёд гардида, самти асосии фаъолияти он дӯзандагию қолинбофӣ мебошад ва бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардидааст.

Дар коргоҳи дӯзандагӣ наздики 15 нафар занону духтарони хонанишин ба кор ҷалб гардида, ба духти сару либоси ягонаи мактабӣ, корӣ, рахти хоб ва либосҳои гуногуни миллӣ машғуланд.

Коргоҳи дузандагӣ дорои 12 мошинаи дарздузӣ, бурандагӣ, дарзмолкунӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ аст.

Дар коргоҳи қолинбофӣ низ дастгоҳҳои муосир, таҷҳизот барои печонидани ресмон васлу насб карда шудааст, ки бо истифода аз он қолинҳои хушсифат бофта мешаванд.

Дар коргоҳ қариб 600 ҷуфт либосҳои гуногун ва қолинҳои дастии хушсифат истеҳсол намудан мумкин аст.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки айни замон дар коргоҳи қолинбофӣ 5 намуди қолин истеҳсол гардида, ашёи хом, аз ҷумла ришта аз хориҷи кишвар ворид мегардад.

 

 

 

 

Сифати қолинҳои коргоҳ ба талаботи рӯз ҷавобгу буда, мувофиқ ба талаботи бозор истеҳсол карда мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо коргарони коргоҳи мазкур суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, онҳоро ба истеҳсоли маҳсулоти хушсифат ҳидоят намуданд.

Занону бонувони хонашини шаҳри Истиқлол дар навбати худ ба Пешвои миллат ҷиҳати фароҳам намудани шароити мусоиди кору зиндагӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки фаъолиятро дар ин коргоҳи тозабунёд боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ мемонанд.

Бунёди коргоҳи мазкур, ки дар доираи корҳои созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал омадааст, дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва беҳдошти сатҳи зиндагии сокинони шаҳри Истиқлол нақши созанда дорад.

facebooktwitter

kaynak:http://www.president.tj/node/30341?utm_source=dlvr.it&utm_medium=twitter